Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоСафари кории муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода

Сафари кории муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода

09.02.2023

Санаи 09 феврали соли 2023 муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023 оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ баён намуданд ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафар аз рафти кишти зироатҳо, наъшунамои кишти гузаронидашуда, аз захираи баъзе маҳсулотҳо, ҳолати гармхонаҳо ва заҳролудкунии чигит дидан намуданд.
Ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи дурусти замин, тухмии хушсифат, риояи агротехникӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон