Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейБоздиди муовини якуми вазири кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Боздиди муовини якуми вазири кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

13.02.2023

Бо мақсади дида баромадани рафти корҳо соҳаи кишоварзӣ, омодагиҳо ва маъракаи наслгирӣ аз моли майда, ҳолати нашъунамои сабзавот, аз ҷумла картошка ва пиёзи барвақтӣ, инчунин парвариши сабзавот дар гармхонаҳо муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон аз санаи 9 то 12 феврали соли ҷорӣ аз шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯшониён, Вахш, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон боздид ба амал овард.
Зимни боздид маълум гардид, ки вазъи нашъунамои сабзавот, хусусан картошка ва пиёзи барвақтӣ, боғу токзорҳо, гармхонаҳо, чорво ва наслдиҳии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида, аз ҳисоби сардиҳои моҳи январ ба майдони кишти ин зироатҳо ва чорво зарари ҷидди нарасидааст.
Тибқи маълумотҳо мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят гирифтани 188380 сар барраю бузгола дар назар дошта шудааст, ки ба 100 сар мешу модабуз 91 сари рост меояд. Аз рӯи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят то 10 феврали соли ҷорӣ 28191 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1958 сар зиёд буда, ба 15 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад.
Ҳамзамон мувофиқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 9 феврали соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 8638 гектар пиёз ва 2151 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта кишӣи пиёзи барвақтӣ 638 гектар зиёд мебошад.
Майдони кишти пиёзи барвақтӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун 3400 гектар, Шаҳритус 450 гектар, Панҷ 300 гектар, Кӯшониён 265 гектар, Вахш 240 гектар, Қубодиён 350 гектар ва шаҳри Левакант 30 гектарро ташкил медиҳад. Иҷрои дурнамои кишти пиёзи барвақтӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Қубодиён ва Шаҳритус таъмин гардида, ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои Ҷайҳун 90, Вахш 91 ва шаҳри Левакант 75 фоизро ташкил медиҳад.
Кишти картошкаи барвақтӣ дар шаҳри Левакант дар майдони 39 гектар, ноҳияҳои Кӯшониён 275 гектар, Вахш 95 гектар, Ҷайҳун 56 гектар, Панҷ 102 гектар, Қубодиён 118 гектар ва Шаҳритус 72 гектар гузаронида шудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии майдони кишти пиёз ва картошкаи барвақтӣ дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида муайян карда шуд, ки сардиҳои моҳи январ ба майдони кишти пиёз зиёне нарасонидааст.
Зимни боздиду мулоқот бо хоҷагидорон аз ҷониби муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, иҷрои дурнамои сохтори кишт, риояи агротехникии зироатҳо, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супроишҳои мушаххас ва муфид дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон