«Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 « Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва тарзу усулҳои амалисозии он»
Имрўзҳо фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он пайваста бо рушди тамаддуни инсонӣ ташаккул ёфта истодааст ва рўз аз рўз дар шаклҳои нав зоҳир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои мутараққии замони муосир дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорад ва табиист, ки вобаста ба муаммоҳои зиёди печидаи имрўзаи башарӣ мисли терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва ба инҳо монанд, ки дар байни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишғол менамояд, бетараф буда наметавонад.
Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва дар партави ин сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллатамон дар Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба коррупсия ва заминаҳое, ки ин амалро ба вуҷуд меоранд, аҳамияти махсус дода шуда, силсилаи санадҳои меъёри ҳуқуқи доир ба ин мавзўъ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.
Аз ҷумла, таъсиси «Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия» ва дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, таҳия ва амалӣ намудани стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 идомаи сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин падидаи манфур буда, нишонаи ташаккули маърифати ҳуқуқию фарҳангии сокинони кишвар дар мубориза бо коррупсия мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияву барномаҳои зиддикоррупсионӣ амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст, ки иҷрои 88%-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 далели ин гуфтаҳост.
Бо назардошти ба итмом расидани муҳлати амали ду Стратегияи қаблӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 Барномаи нави зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» тасдиқ карда шуд.
Муҳлати амалӣ намудани Стратегия барои давраи то соли 2030 пешбинӣ карда шуда, нақшаи чорабиниҳои татбиқи он ба ду марҳилаи панҷсола, яъне марҳилаи якум барои солҳои 2021-2025 ва марҳилаи дуюм, ки он дар панҷсолаи дуюм бояд тасдиқ гардад, ҷудо карда шудааст.
Барномаи Стратегия аз 5 боб ва 195 банд иборат буда, боби сеюми он, ки ба самтҳои асосии Стратегия бахшида шудааст, 10 параграф дорад. Дар Стратегияи мазкур мақсад, вазифа ва принсипҳои амалигардонии Стратегия, самтҳои асосӣ, механизми амалигардонӣ, мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия оварда шудаанд.
Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон