Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТақдими техникаву таҷҳизотҳо ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими техникаву таҷҳизотҳо ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

01.03.2023

Санаи 1 марти соли равон бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамикзода Қурбон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Иброҳим Аҳмадзода (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаву таҷҳизотҳои гуногун ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки техникаву таҷҳизотҳои мазкур дар доираи лоиҳаи “Барномаи беҳсозии минтақавӣ ва миллии мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” буда, ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳдоштани зироатҳои кишоварзӣ ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад мошинҳои обкашон, 5 адад микроавтобусҳо, 343 адад катҳои рахти хоб ва 12 адад кабинаҳо барои шустушуи бадан дар хаймаҳои саҳроӣ супорида шуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамикзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба намояндагон изҳори сипос намуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Иброҳим Аҳмадзода (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зинми суханрониҳои ҷиҳати ҳамкориву дастгириҳои минбаъда изҳори назар намуданд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон