Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.02.2023

Санаи 28 феврали соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Сенаноғлу доир гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд. Инчунин оид ба қабули пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ибрози назар карда шуд.
Намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Сенаноғлу соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи ҳамкориҳо ҳавасмандии Созмони Милалро иброз карда, барои ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ намуд.
Маркази матбуот ва итилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон