Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоСитоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид

28.02.2023

Дар Вазорати кишоварзӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди малах, муҳофизати растаниҳо ва боғу токзор аз касалию ҳашаротҳои зараррасон баргузор гардид.
Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо, ҳамзамон дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2023 санаи 28 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардид.
Дар Ситод Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат, намояндагони Мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Роҳбари намояндаи JICA дар Тоҷикистон ва намояндаи лоиҳаи дафтари Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ФАО дар Тоҷикистон ва намояндагони вазорат, кумитаву агентиҳои аъзои Ситод иштирок намуданд.
Кори Ситод бо сухани ифтитоҳии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон оғоз гардид.
Дар кори Ситод Роҳбари намояндаи JICA дар Тоҷикистон Такасако Мунео, намояндаи лоиҳаи дафтари Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Ҳусейнов Баҳромиддин оид ба дастгириҳо дар самти омӯзиш, таъмини таҷҳизоту техникаҳо ва доруву заҳрхимикатҳо оид ба мубориза бар зидди малах, муҳофизати растаниҳо ва боғу токзор аз касалию ҳашаротҳои зараррасон ибрози назар намуданд.
Идомаи кори Ситод Нозанинзода Нусрат доир ба натиҷаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар соли 2022 ва Зокиров Баҳриддин оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023 маърӯза карданд.
Барои ҳавасмандгардонии фаъолони соҳа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ барои кормандоне, ки дар мавсими соли 2022 фаъолияти хуб нишон додаанд, тақдим гардид.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон