Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоИштироки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо

Иштироки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо

24.02.2023

 
Санаи 24 феврали соли 2023 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ , муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор васеъ гардонида шуда истодааст, ки барои афзун гаштани ҳаҷми истеҳсоли мева мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки тайи 5 соли охир дар вилоят бунёди 90 гектар боғи интенсивӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он ба 286 гектар расонида шуд, ки ин нишондод ба 3,2 маротиб нисбати ба нақша зиёд мебошад.
Дар охир иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон