Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари вилояти Омски Федератсияи Россия

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари вилояти Омски Федератсияи Россия

03.03.2023

Санаи 03 марти соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Роҳбари вилояти Омски Федератсияи Россия Бурков Александр Леонидович баргузор гардад.
Дар мулоқот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон доир ба имкониятҳои истеҳсоливу содиротии маҳсулоти кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъда дар самти содироту воридоти молу маҳсулот, растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ ва техникаи кишоварзӣ ибрози назар карданд.
Инчунин Роҳбари вилояти Омски Федератсияи Россия Бурков Александр Леонидович ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, харидории меваҳои тару хушк ва ташрифи ҳайати гуруҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вилояти Омск изҳор намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон