Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Ҷумҳурии Мордовияи Федератсияи Россия

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Ҷумҳурии Мордовияи Федератсияи Россия

03.03.2023

Санаи 03 марти соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Роҳбари Ҷумҳурии Мордовияи Федератсияи Россия Здунов Артём Алексеевич баргузор гардад.
Дар мулоқот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон доир ба имкониятҳои истеҳсоливу содиротии маҳсулоти кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъда дар самти содироту воридоти молу маҳсулот, растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ибрози назар карданд.
Инчунин Роҳбари Ҷумҳурии Мордовияи Федератсияи Россия Здунов Артём Алексеевич ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии хешро изҳор намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон