Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон
03.03.2023
Санаи 3 марти соли равон мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо бо муовини якуми Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Шаккалиев Арман Арман Абаевич баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки имкониятҳои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд буда, барои рӯёнидани ҳосили зиёд ва сифатнок, инчунин кишти барвақтиву такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, таъсиси фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати бастани шартномаи тарафайн оид ба содироти гандум ва орд аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва таҳвили сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон