Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 16 марти соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ изҳор намуда, доир ба татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо изҳори назар намуд.
Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго барои қабули сатҳи муносиб ба роҳбарияти вазорат изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки санаи 15.03.2023 «Лоиҳаи Дастгирии соҳаи кишоварззӣ дар заминаи ҷомеа+» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Маблағи Лоиҳа зиёда аз 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар татбиқи босамари Лоиҳа ба сифати шарикони ҳамкор Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷалб гардидаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии Лоиҳа бояд якҷоя ва самаранок фаъолият намоем.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2008 инҷониб ҳаҷми сармоягузории мустақими ИФАД барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 118 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки маблағҳои мазкур барои таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот ва дастгирии рушди кишоварзӣ равона карда шудаанд.
Бо дастгирии бевосита ва ҳамкории наздики Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИФАД лоиҳаҳои «Мусоидат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ дар вилояти Хатлон», «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ-2» бомуваффакият анҷом ёфтаанд. Лоиҳаҳои дар боло зикршуда дар беҳбудӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони деҳоти ноҳияҳои ҳадафии вилояти Хатлон саҳми хоса доранд. Боиси хушнудист, ки Лоиҳаи Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа ҳоло бомуваффақият амалӣ шуда истодааст ва чанде қабл Лоиҳаи нави Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа + барои солҳои 2023-2030 тасдиқ карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон