Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон
17.03.2023
Санаи 16 марти соли ҷорӣ Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт.
Тарафҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, аз ҷумла дар соҳаи тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, табодули олимони соҳаи кишоварзӣ, ҷалби инноватсияи Эрон дар самти бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон