Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 17 марти соли ҷорӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои пайваста ҳарф зад. Инчунин оиди ба итмом расидани ваколати Мунео Такасака-роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон ва ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар рушди соҳа миннатдории хешро иброз намуд. Ҳамзамон ба роҳбари навтаъини роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Сейджу Имаи барои таъин шудан ба вазифаи мазкур табрик намуда, барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда изҳори назар карда шуд.
Дар идома ҷонибҳо муҳокимаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷанбаҳои гуногун аз қабили навовариҳои технологӣ ва таҷриба дар бахшҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзии устувор ва биотехнология, инчунин дастрасии тухмиҳои хушсифати ғалладонагиҳо, гандум, картошка, хамкориҳои судманд ва дигар масъалаҳои муҳими самти кишоварзӣ баррасӣ карданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон