Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоКўмаки Вазорати кишоварзӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон

Кўмаки Вазорати кишоварзӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон

18.03.2023

Бахшида ба Ҷашни Наврўз санаи 17 марти соли 2023 кўмаки навбатии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” маводҳои озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, картошка, гўшт, биринҷ, сабзавоту мевагиҳо дастрас карда шуд.
Муовини якуми вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода аз номи роҳбарияти Вазорат дар чорабинии тантанавии муассиса бахшида ба ҷашни Наврўз устодон ва тарбиятгирандагонро табрик намуд.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ пайваста ба муассисаи мазкур кўмакҳои зарурӣ мерасонад.
Ҳамзамон дар баробари ин муовини якуми Вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода аз ҳолати кунунии рафти кишти пахта дар зери плёнка, ҳолати нашъунамои майдони ғалладонагиҳо, картошка, пиёз, вазъи гармхонаҳо ва корхонаҳои парандапарварии ноҳияи Ёвон боздид намуд. Дар рафти боздид ҷиҳати вусъат бахшидан ба кишти пахта, ғизодиҳии ғалладонагиҳо, картошка ва пиёз, инчунин рушди соҳаи парандапарварӣ ба кишоварзони ноҳия дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон