Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТаҷлили Ҷашни Наврӯз.

Таҷлили Ҷашни Наврӯз.

19.03.2023

Санаи 19 марти соли ҷорӣ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Толҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, бо иштироки ҳамаи муассисаву ташкилотҳои серсохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилал бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ гӯшаҳои анъанаҳои халқии пухтани таомҳои миллии наврӯзӣ, гӯштини миллӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, базми шеъру суруд, дастовардҳои техникони ҷавон ва дигар унсурҳои наврӯзӣ барои иштирокдорон намоиш дода шуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон кулли иштирокдорон, кишоварзони мамлакат ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишвари офтобиамонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрику таҳният намуда, қайд гардид, ки Наврӯз аз зеботарин ҷашнҳоест, ки табиат ба инсон ато намудааст. Аҷдодони шарафманди мо бо хираду фаросати азалии худ ин ҷашни зебои табиатро бо беҳтарин расму оин ва маросимҳои наҷиб ороста, онро ба як фарҳанги умумибашарӣ табдил додаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст». Дар ҳақиқат Наврӯз ваҳдати зиндагии инсонро бо табиат, пайвасти ногусастании меҳнату заҳмати бунёдкоронаро бо давраҳои тағйири фаслҳои сол инъикос намуда, муносибати оқилонаро нисбат ба зуҳуроти олами фарогири инсон дар худ таҷассум менамояд. Зери истилоҳи Наврӯз ғояҳои ғании умумибашарӣ, аз қабили муносибати дилсӯзона ба замин, ҳаво, обу оташ ва умуман дигар муқаддасоти табиату ҷомеа нуҳуфтааст. Фарҳанги ғаниву волои Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат аст.
Инчунин барои иштирокдорон барномаи наврӯзӣ дар сатҳи баланд гузашт.
маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон