Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 24.03.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 24.03.2023

27.03.2023

“Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2023 дар майдони 176909 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Ба ҳолати 24.03.2023 дар майдони 143085 гектар зироатҳо кишт карда шудааст, ки ғалладонагиҳо 61215 гектар, аз он гандум 28516 гектар, ҷав 26825 гектар, дигар ғалладонагиҳо 4138 гектар, ҷуворимакка барои дон 1737 гектар, зироатҳои техникӣ 36057 гектар, аз он пахта 24736 гектар, полезӣ 4844 гектар, картошака 10273 гектар, сабзавот 22821 гектар, пиёз 15473 гектар, сабзӣ 2845 гектар, карам 1213, помидор 763 гектар, бодаринг 702,5 гектар  ва дигар сабзавотҳо 1825 гектар кишт карда шуд.

“Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор”

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 10.03.2023 ҳамагӣ дар майдони 201,4 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 163,1 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 151 гектар, токзор 38,3 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 839,4 гектарро дар бар мегирад.

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 10.03.2023 ба шалдарории боғу токзорҳо 87934,5 гектар буда, боғ 67633 гектар ва токзор 20301,2 гектар мебошад. Корҳои агротехникӣ дар майдони умумии 128694 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 33466 гектар яхобмонии боғу токзор, 45230 гектар обёрии захиравии заминҳои кушод, 22345 гектар коркарди байни қаторҳо, 23227 гектар буриши навдаҳо ва 4426 гектарро коркарди кимиёвӣ ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 24.03.2023 майдони умумии кишт 168 гектар, майдони кишт кишт 121 гектар мебошад, ки аз он помидор 64,3 гектар, бодиринг 21,8 гектар, дигар сабзавотҳо 34,9 ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 607,1 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 403,9 тонна, бодиринг 35,8  тонна ва дигар сабзавотҳо 167,4 тонна мебошад.

Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳоиҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 386268 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 24.03.2023  235600 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17328 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 55 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.02.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 198 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 96 адад, испори тракторӣ 47 адад, тойбанду тагрезчин 10 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 29 адад, боркунак 14 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 2 ададро ташкил медиҳад.  

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.02.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27296 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1098 адад комбайни ғалладарав, 8642 адад ядакҳои тракторӣ, 10468 адад испорҳои тракторӣ, 3361 адад култиваторҳо, 2285 адад тухмипошакҳо аз он: 1860 адад тухмипошакҳои пахта, 1545 адад достҳои тракторӣ, 834 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 496 адад картошкаканакҳо, 200 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 317 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

 

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23