Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 07 апрели соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид.
Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Мануэл Микаллерро барои таъин гардидан ба вазифаи Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба рушди соҳа, дастовардҳо ва саҳми соҳа дар рушди маҷмуи маҳсулоти дохилаи мамлакат маълумот дод. Ҳамзамон оид ба ҳамкориҳои судманди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ЮСАИД дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, воридоти ниҳолҳои гуногун, техникаҳои кишоварзӣ ва дастгирии занон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ қайд карда шуд.
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер аз қабули самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, ифтихормандии хешро ҷиҳати таъин гардидан ҳамчун Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз кард. Назари хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи кишоварзӣ, рушди он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва изҳор кард.
Ҷонибҳо дар охир барои ба роҳ мондаи ҳамкориҳо дар самти пешгирии бемориҳои гуногун, тағйирёбии иқлим ва ба он мутобиқкунонии зироатҳо, оффатҳои табиӣ, хушксолӣ, норасоии об, ба имзорасонии Созишномаи ҳамкории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮСАИД андешаҳои худро иброз намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон