Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveВохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.04.2023

Санаи 7 апрели соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд барои рушди соҳа, амалисозии лоиҳаҳои гуногун, дастгирии техникӣ ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳдоштани зироатҳои кишоварзӣ ва мубориза бар зидди малах изҳори сипос намуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики ҳавасмандии Ҷопонро барои ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироди асал, меваи хушк, ангур, лимон ва дигар маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишвараш изҳори назар кард.
Ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва истифодаи тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон