Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

Мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

07.04.2023

Санаи 07 апрели соли равон мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Теклу Тесфайе баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки амалишавии тамоми компонентҳои Лоиҳа саривақтӣ буда, барои иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла ба барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва амалишавии дигар барномаҳои соҳавӣ саҳми назаррасро мегузорад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон