Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveГузориши матбуотӣ ба санаи 07.04.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 07.04.2023

10.04.2023

 

“Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2023 дар майдони 176909 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Ба ҳолати 07.04.2023 дар майдони 256152 гектар зироатҳо кишт карда шудааст, ки ғалладонагиҳо 82010 гектар, аз он гандум 33395 гектар, ҷав 37406 гектар, ҷуворимакка барои дон 5528 гектар, зироатҳои техникӣ 112183 гектар, аз он пахта 96175 гектар, зироатҳои равғандеҳ 15799 гектар, полезӣ 8372 гектар, картошака 12852 гектар, сабзавот 27741 гектар, пиёз 16228 гектар, сабзӣ 3786 гектар, карам 1443 гектар, помидор 2256 гектар, бодаринг 1683 гектар  ва дигар сабзавотҳо 2345 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 12994 гектар кишт карда шуд. 

“Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор”

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 07.04.2023 ҳамагӣ дар майдони 667,3 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 604 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 64 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1412 гектарро дар бар мегирад.

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 07.04.2023 ба шаклдарории боғу токзорҳо 123720,5 гектар буда, боғ 99367 гектар ва токзор 24353 гектар мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 07.04.2023 майдони умумии кишт 168 гектар, майдони кишт кишт 120,5 гектар мебошад, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 23,7 гектар, дигар сабзавотҳо 34,2 ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1007 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 494,2 тонна, бодиринг 102,6  тонна ва дигар сабзавотҳо 410,3 тонна мебошад.

Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳоиҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 386268 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 07.04.2023  338231 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35166 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 79 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

 Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.02.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 198 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 96 адад, испори тракторӣ 47 адад, тойбанду тагрезчин 10 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 29 адад, боркунак 14 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 2 ададро ташкил медиҳад.  

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.02.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27296 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1098 адад комбайни ғалладарав, 8642 адад ядакҳои тракторӣ, 10468 адад испорҳои тракторӣ, 3361 адад култиваторҳо, 2285 адад тухмипошакҳо аз он: 1860 адад тухмипошакҳои пахта, 1545 адад достҳои тракторӣ, 834 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 496 адад картошкаканакҳо, 200 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 317 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

 Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23