Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 14.04.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 14.04.2023

17.04.2023

 “Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

 Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2023 дар майдони 176909 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Ба ҳолати 14.04.2023 дар майдони 321096 гектар зироатҳо кишт карда шудааст, ки ғалладонагиҳо 87316 гектар, аз он гандум 35961 гектар, ҷав 37853 гектар, ҷуворимакка барои дон 7220 гектар, зироатҳои техникӣ 161218 гектар, аз он пахта 144065 гектар, зироатҳои равғандеҳ 16944 гектар, полезӣ 10724 гектар, картошака 14037 гектар, сабзавот 30004 гектар, пиёз 16496 гектар, сабзӣ 3973 гектар, карам 1459 гектар, помидор 3249 гектар, бодаринг 2267 гектар  ва дигар сабзавотҳо 2560 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 17797 гектар кишт карда шуд. 

“Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор”

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 14.04.2023 ҳамагӣ дар майдони 691,3 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 628 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 64 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1416 гектарро дар бар мегирад.

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 07.04.2023 ба шаклдарории боғу токзорҳо 123720,5 гектар буда, боғ 99367 гектар ва токзор 24353 гектар мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда. 

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 14.04.2023 майдони умумии кишт 164 гектар, майдони кишт кишт 121,7 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,2 ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1131 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 526,7 тонна, бодиринг 165,1  тонна ва дигар сабзавотҳо 438,8 тонна мебошад.

Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳоиҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 386268 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 07.04.2023  338231 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35166 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 79 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.04.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 457 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 259 адад, омбайи ғалладаравӣ 3 адад, испори тракторӣ 47 адад, тойбанду тагрезчин 30 адад, тухмпошаки пахта 15 адад, гандумкубак 15 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 69 адад, боркунак 23 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 7 ададро ташкил медиҳад.  

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.04.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27448 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1514 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1101 адад комбайни ғалладарав, 8550 адад ядакҳои тракторӣ, 10702 адад испорҳои тракторӣ, 3513 адад култиваторҳо, 2410 адад тухмипошакҳо аз он: 1955 адад тухмипошакҳои пахта, 1561 адад достҳои тракторӣ, 879 адад тойбанду тагрезчин, 133 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 500 адад картошкаканакҳо, 216 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23