Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейВохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.04.2023

Санаи 17 апрели соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид.

Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Умут Аҷарро барои таъин гардидан ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Ҳукумати Туркия барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста баҳри рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон изҳори эҳтиром ва миннатдорӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурӣ нақши Шарикони рушд низ назаррас мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Дафтари ҳамоҳангсозии Барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар самти, беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои зертобеи вазорат, бунёди боѓи интенсивӣ, бунёди гармхона, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо картошка, хоҷагиҳои аҳолӣ бо занбўри асал ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд.  Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, ки 18 декабри соли 2012 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба имзо расонида шуд, як саҳифаи наверо дар рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ миёни ду кишвар боз намуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон