Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 20.04.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 20.04.2023

24.04.2023

Кишти пахта

         Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 20.04.2023 дар майдони 169963 гектар пахта кишт шудааст, ки 91,4 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

         Аз он дар вилоятҳои Суғд 45166 га, Хатлон 123202 га ва НТҶ дар майдони 1595 га кишт гузаронида шудааст.

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 20.04.2023 дар майдони 359372 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 91045 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 37334 гектар, ҷав 38153 гектар, ҷуворимакка барои дон 8430 гектар, зироатҳои техникӣ 188130 гектар, аз он пахта 169963 гектар, зироатҳои равғандеҳ 17958 гектар, полизӣ 12932 гектар, картошака 16055 гектар, сабзавот 31629 гектар, пиёз 16593 гектар, сабзӣ 4182 гектар, карам 1480 гектар, помидор 3949 гектар, бодаринг 2638 гектар  ва дигар сабзавотҳо 2787 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 19581 гектар кишт карда шуд.

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

         Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 20.04.2023 ҳамагӣ дар майдони 703,9 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 639 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 65 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1418 гектарро дар бар мегирад.

Коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малахҳо

         Тибқи маълумот оид ба коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малахҳо дар ҷумҳурӣ то 22.04.2023 майдони паҳнгаштаи малах 61936 гектарро ташкил дода, дар майдони 47400 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

         Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 20.04.2023 майдони умумии кишт 164 гектар, майдони кишт 121,7 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,2 ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

          Ба ҳамин давра ба миқдори 1221 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 541,8 тонна, бодиринг 230,3 тонна ва дигар сабзавотҳо 448,5 тонна мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда

           Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат оид ба наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба 19.04.2023  357516 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26726 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 83 сар рост меояд. 

 

  Маркази  матбуот ва иттилооти

  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23