Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 28.04.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 28.04.2023

01.05.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 28.04.2023 дар майдони 384380 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 96185 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 38860 гектар, ҷав 38429 гектар, ҷуворимакка барои дон 9873 гектар, зироатҳои техникӣ 196110 гектар, аз он пахта 175797 гектар, зироатҳои равғандеҳ 20074 гектар, полизӣ 14320 гектар, картошака 20187 гектар, сабзавот 35558 гектар, пиёз 16777 гектар, сабзӣ 4487 гектар, карам 1593 гектар, помидор 5768 гектар, бодаринг 3425 гектар  ва дигар сабзавотҳо 3508 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 22020 гектар кишт карда шуд.

Кишти пахта

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 28.04.2023 дар майдони 175797 гектар пахта кишт шудааст, ки 94,5 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 50164 гектар, Хатлон 123202 гектар ва НТҶ дар майдони 2431 га кишт гузаронида шудааст. 

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 28.04.2023 ҳамагӣ дар майдони 767,3 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 696 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 72 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1464 гектарро дар бар мегирад.

 

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 28.04.2023 майдони умумии кишт 164 гектар, майдони кишт 121,8 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0   гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,2 ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1437 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 572,2 тонна, бодиринг 370,1 тонна ва дигар сабзавотҳо 494,9 тонна мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат оид ба наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба санаи 28.04.2023  366655 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28127 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 85 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23