Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоИштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар маросими кушодашавии форуми соҳибокрони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон

Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар маросими кушодашавии форуми соҳибокрони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон

04.05.2023

Санаи 3 майи соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон форуми соҳибокрони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар доири сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Жумангарин Серик Макашевич кушода шуд.
Дар доираи форуми соҳибокрони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон як қатор Созишномаҳо ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон