Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБоздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Зафаробод

Боздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Зафаробод

14.05.2023

Санаи 13 майи соли 2023 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки обу замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат, бунёду барқарорсозӣ ва коркарди боғу токзорҳо, нашъу намои зироатҳо, риояи тамоми талаботҳои агротехникии зироатҳо ва ба даст овардани ҳосили фаровон, ҷиҳати ноил гаштан ба яке аз ҳатафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, ба ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Зафаробод ташриф оварда, ҳамроҳ бо масъулини вилояти Суғд ва ноҳияҳо мазкур аз рафти корҳои соҳа дидан намуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон