Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейОғози сафари кории намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Оғози сафари кории намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

16.05.2023

Гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва дигар шахсони масъули вилояти Суғд ба шаҳри Панҷикент ташриф оварда, бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, заминҳои наздиҳавлигӣ, байни қаторҳои боғҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, бунёди боғи интенсивӣ, риояи корҳои агротехникии зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа аз наздик шинос шуданд.
Ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, рӯёнидани ду се ҳосил, таъмини бозор бо маҳсулотҳои ватанӣ, содироти онҳо ба хориҷи кишвар ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷониби гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон