Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейДар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор шуд.

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор шуд.

16.05.2023

Санаи 15 майи соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, ҳайати васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва шахсони масъули муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба риоя ва иҷрои ҳамаҷонибаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021- 2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, муқарраротҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», моҳият ва хусусиятҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳии ҳайати иштирокчиёни ҷаласа қарор дода шуд.
Дар ҷаласа муовини вазири Зеваршои Зеваршо, сардори раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ Анвар Зарипов ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон, дарки оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, самаранок ва тибқи таъинот истифода намудани амволи давлатӣ, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ байни кормандон маърўза намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини вазири Зеваршои Зеваршо оид ба пешгирӣ ва роҳ надодан ба камбудӣ ва норасоиҳо вобаста ба амалҳои коррупсионӣ ба кормандон ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон