Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейГузориши матбуотӣ ба санаи 22.05.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 22.05.2023

23.05.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 22.05.2023 дар майдони 426895 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 110353 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 42704 гектар, ҷав 38828 гектар, ҷуворимакка барои дон 11571 гектар, зироатҳои техникӣ 202645 гектар, аз он пахта 180127 гектар, зироатҳои равғандеҳ 22279 гектар, полизӣ 17691 гектар, картошака 30891 гектар, сабзавот 39672 гектар, пиёз 16859 гектар, сабзӣ 4729 гектар, карам 1734 гектар, помидор 7680 гектар, бодаринг 3911 гектар  ва дигар сабзавотҳо 4760 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 28643 гектар кишт карда шуд.

Кишт, инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.05.2023 дар майдони 180127 гектар пахта кишт шудааст, ки 96,8 фоизи иҷроро ташкил медињад.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 54176 гектар, Хатлон 123202 гектар ва НТҶ дар майдони 2749 га кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони умуми киштшуда 142656 пурра инкишоф ёфта, майдони боқимондаи кишт вобаста ба маҳал ва вақти кишти он дар инкишоф буда, озуқадиҳӣ 52102 гектар, ягонакунӣ 77826 гектар, чорабиниҳои агротехникӣ, 143766 гектарро ташкил медиҳад.

 Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 22.05.2023 ҳамагӣ дар майдони 784 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 712 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 72 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1472 гектар аз боғ 1300 гектар ва токзор 172 гектарро дар бар мегирад. 

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 19.05.2023 майдони умумии кишт 164 гектар, майдони кишт 121,8 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,2 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1888 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 723,6 тонна, бодиринг 566,4 тонна ва дигар сабзавотҳо 598,3 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.05.2023 дар майдони 30891 гектар картошка кишт карда шудааст.

Ба ҳолати 19.05.2023 майдони ҷамъоваришуда 1456 гектар буда, ҳосилнокӣ 172 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.05.2023 дар майдони 39672 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Ба ҳолати 19.05.2023 майдони ҷамъоваришуда 8268 гектар буда, ҳосилнокӣ 325 сентнерро ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 268618 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 195753 тонна, карам 17385 тонна, помидор 2511 тонна, бодаринг 10460 тоона, сабзӣ 25746 тонна ва дигар сабзавотҳо 16763 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полезиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.05.2023 дар майдони 16842 гектар полезӣ кишт карда шудааст.

Ба ҳолати 19.05.2023 майдони ҷамъоваришуда 194 гектар буда, ҳосилнокӣ 249 сентнерро ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 4837 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 19.05.2023 мевагиҳо ҷамъоваришуда 5394 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 22.05.2023 дар майдони 203084 гектар барои ҳосили соли 2023 кишти гандуми тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида шудааст.

Ба ҳолати 19.05.2023 майдони ҷамъоваришуда 2803 гектар буда, ҳосилнокӣ 42,0 сентнерро ташкил медиҳад.

Наслгирӣ аз чорвои майда

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат оид ба наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба санаи 22.05.2023  394687 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34623 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 91 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.05.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 709 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 346 адад, комбайи ғалладаравӣ 3 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ16 адад, испори тракторӣ 48 адад, тойбанду тагрезчин 40 адад, дорупошак 1 адад, тухмпошаки пахта 15 адад, гандумкубак 15 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 90 адад, боркунак 28 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 8 ададро ташкил медиҳад. 

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28669 адад техникаҳо  гуногунтамға мавҷуд буда, 73%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27419 адад, аз он 1512 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байниқаторӣ, 20052 адад нақлиётӣ, 1101 адад комбайни ғалладарав, 133 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, мошинолотҳо 28685 адад буда, аз он 10701 адад испорҳои тракторӣ,  8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3513 адад култиваторҳо, 2409 адад тухмипошакҳо аз он: 1954 адад тухмипошакҳои пахта, 1560 адад достҳои тракторӣ, 879 адад тойбанду тагрезчин, 500 адад картошкаканакҳо, 216 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

 Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23