Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоСеминар таҳти унвони "ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ – ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО"

Семинар таҳти унвони "ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ – ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО"

25.05.2023

Санаи 25 майи соли равон дар шаҳри Ҳисор дар Институти “Зироаткорӣ”-и Акадекмияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор семинар – машварати минтақавӣ доир гардид.
Дар кори семинар муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмони Икром, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ Хуршед Давлатов, масъулини соҳа, намояндагони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, иброз дошт, ки семинар – машварати мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои нишондиҳандаҳои баланди маҳсулнокӣ ва сифатҳои зотӣ – гусфанди зоти ҳисорӣ бахшида мешавад.
Дар идомаи кори семинар, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, намояндагони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хуршед Давлатов, Шарофҷон Раҳимов ва дигарон оид ба таърихи пайдоиш, дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, рушди минбаъда, хусусиятҳои маҳсулнокии типи “Шаҳринави”-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ, усулҳои такмил додани маҳсулнокии типи “Фархорӣ”-и гӯсфанди зоти ҳисорӣ маърӯза карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои чорводорӣ, нигоҳ доштани зотҳои маҳаллии чорво, аз ҷумла гӯсфанди ҳисорӣ таваҷҷӯҳи хос дошта, олимони соҳаро ҷиҳати такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ин зоти чорво пайваста таъкид менамоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон