Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБоздиди муовини Вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш

Боздиди муовини Вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш

29.05.2023

Санаи 29 майи соли равон муовини Вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва Директори КВҶД "Тоҷикагролизинг" Юсуф Акрамзода аз ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш бо мақсади дар маҳал дида баромадани ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, нашъу намои зироатҳо, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Ҳангоми боздид ба масъулин ва хоҷагидорон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, рафти кишти такрорӣ, обрасонӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон