Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейГузориш оид ба ҷамъоварии картошка, ғалладонагиҳо, сабзавот ва полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Гузориш оид ба ҷамъоварии картошка, ғалладонагиҳо, сабзавот ва полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

02.06.2023

Кишоварзони мамлакат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир намуда истодаанд.
Рафти ҷамъоварии картошка
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.05.2023 дар майдони 33621 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 2586 гектар буда, ҳосилнокӣ 167 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот
Ба ҳолати 30.05.2023 дар майдони 40030 гектар сабзавот кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 11187 гектар буда, ҳосили умумӣ 358347 тонна ва ҳосилнокӣ 320 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо
Ба ҳолати 30.05.2023 дар майдони 18131 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 442 гектар буда, ҳосилнокӣ 269 сентнер ва ҳосили умумӣ 11621 тоннаро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо
Ба ҳолати 30.05.2023 дар майдони 288670 гектар барои ҳосили соли 2023 кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Майдони умумии ҷамъоваришуда 23987 гектар буда, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 42 сентнерро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, кишти гандум 203101 гектар буда, дар майдони 19881 гектар ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосилнокӣ 43 сентнерро ташкил медиҳад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 2-35-39-23