Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоДар шаҳри Ваҳдат Фестивал - намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Ваҳдат Фестивал - намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид.

03.06.2023

Санаи 03 июни соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур чорвоҳои хурду калон аз Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Зотпарвар”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҲҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолии самти чорвопарварӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар фестивал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо ва масъулини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташриф оварданд.
Пас аз боздиди намоиш муовини вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор чорабиниро ифтитоҳ намуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо дар баромадҳои хеш соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ҳисобида, зикр намуданд, ки дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди имрӯзаи соҳа мусоидат кардааст.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 майи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 578 ҳазору 270 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 335 ҳазор модагов, 6 миллиону 569 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 64822 тонна гӯшт ва 258101 тонна шир истеҳсол карда шудааст.
Дар фарҷом барои иштироки фаъол як қатор шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.