Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 09.06.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 09.06.2023

10.06.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 440073 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 113761 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 43150 гектар, ҷав 38895 гектар, ҷуворимакка барои дон 11990 гектар, зироатҳои техникӣ 203148 гектар, аз он пахта 180351 гектар, зироатҳои равғандеҳ 22560 гектар, полизӣ 18525 гектар, картошака 34968 гектар, сабзавот 40365 гектар, пиёз 16928 гектар, сабзӣ 4834 гектар, карам 1794 гектар, помидор 8008 гектар, бодаринг 3956 гектар, дигар сабзавотҳо 4846 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 29306 гектар кишт карда шуд.

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 02.06.2023 ҳамагӣ дар майдони 821 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 748 гектар, аз он боғи интенсивӣ 6,3 гектар, токзори нав 73 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1643 гектар аз он боғ 1350 гектар ва токзор 293 гектарро дар бар мегирад.

Инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотњои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишофи пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 09.06.2023 дар майдони 180351 гектар пахта кишт шудааст.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 54299 гектар, Хатлон 123270 гектар ва НТҶ дар майдони 2782 гектар кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони умумии киштшуда 174524 гектар пурра инкишоф ёфта, 127198 гектар озуқадиҳӣ ва 141159 гектар ягонакуниро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 09.06.2023 дар майдони 34968  гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 3340 гектар буда, ҳосилнокӣ 171 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 09.06.2023 дар майдони 40365 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 14162 гектар буда, ҳосили умумӣ 468140 тонна ва ҳосилнокӣ 331 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 308149 тонна, карам 24055 тонна, помидор 23668 тонна, бодиринг 42278 тонна, сабзӣ 45466 тонна ва дигар сабзавотҳо 24524 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 09.06.2023 дар майдони 18582 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 1305 гектар буда, ҳосилнокӣ 306 сентнер ва ҳосили умумӣ 39984 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 09.06.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 31637 тоннаро ташкил медиҳад. 

Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 09.06.2023 дар майдони 290873 гектар кишти ғалладонагиҳо, аз он гандум 203547 гектар гузаронида шудааст.

Ғалладонагиҳо ба майдони 68376 гектар даравида, ҳосилнокӣ 40 сентнер, аз он гандум 57346 гектар даравида, ҳосилнокӣ 41 сентнерро ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.06.2023 ҳамагӣ майдони киштшуда 1455 гектар мебошад, ки аз он помидор 543 гектар, бодиринг 589 гектар, дигар сабзавотҳо 323 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 15444 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 98 тонна, бодиринг 105 тонна ва дигар сабзавотҳо 122 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.06.2023 майдони кишт 122,0 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,4 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1784 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 835,1 тонна, бодиринг 357,6 тонна ва дигар сабзавотҳо 591,2 тонна мебошад.

Рафти кишти такрорӣ  дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 184832 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад.

Ба ҳолати 09.06.2023 дар майдони 28891  гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он дар вилояти Хатлон 28085 ва дар НТҶ 806 гектар мебошад.

Рафти ҷамъоварии хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводории вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 тибқи дурнамо 2295760 тонна хӯроки дурушт ва 103222 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Ба ҳолати 01.06.2023 хӯроки дурушт 93628 тонна ва хӯроки ширадор 223 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.06.2023 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1002 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 480 адад, комбайи ғалладаравӣ 7 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ 21 адад, испори тракторӣ 78 адад, тойбанду тагрезчин 50 адад, дорупошак 1 адад, картошкашинонак 10 адад, алафдаравак 6 адад, тухмпошаки пахта 15 адад, гандумкубак 15 адад, трактори хурди дастӣ (мотоблок) 60 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 114 адад, боркунак 38 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 9 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.06.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28698 адад техникаҳо  гуногунтамға мавҷуд буда, 73%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27448 адад, аз он 1510 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байниқаторӣ, 20073 адад нақлиётӣ, 1100 адад комбайни ғалладарав, 133 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, мошинолотҳо 28767 адад буда, аз он 10757 адад испорҳои тракторӣ,  8537 адад ядакҳои тракторӣ, 3513 адад култиваторҳо, 2424 адад тухмипошакҳо аз он: 1969 адад тухмипошакҳои пахта, 1560 адад достҳои тракторӣ, 889 адад тойбанду тагрезчин, 501 адад картошкаканакҳо, 216 адад картошкашинонакҳо, 33 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23