Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоҶаласаи кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.06.2023

Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” бо иштироки Раиси комиссия, муовини вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ва дигар аъзоён ҷаласаи кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” Ҳамидов Одилҷон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои санҷиши расмии навъҳои растанӣ дар соли 2022 ва санҷиши расмии навъҳо ва дурагаҳои ояндадору минтақабоб дар соли 2023 ҳисобот дод.
Дар ҷаласа навъҳои пахта, зироатҳои ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, равғандеҳ, хӯроки чорво ва картошка, ки аз ҷониби муаллифон ба Комиссия пешниҳод гардида буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Раиси комиссия, муовини вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор оид ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзии мамлакат ба хусус олимон ибрози назар намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати истифодаи технологияи муосир, самаранок истифода намудани обу замин, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ намудани зироатҳо, минтақабоб намудан ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон