Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Дафтари зерминтақавии ФАО дар Осиёи Марказӣ

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Дафтари зерминтақавии ФАО дар Осиёи Марказӣ

06.06.2023

Санаи 5 июни соли равон дар ҳошияи Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директори Дафтари зерминтақавии ФАО дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гардид.
Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон миннатдории худро барои фаъолияти босамари ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Директори Дафтари зерминтақавии ФАО дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу дар навбати худ аз вохурӣ изҳори сипос намуда, қайд кард ки дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, роҳбарияти ФАО аз талаботу мушкилотҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон огаҳӣ дошта барои кумаку ҳалли онҳо ҳавасманд мебошад. Ҳоло ФАО якҷоя бо шарикони рушд оид тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои муҳофизати растанӣ, қутоспарварӣ, таъмини хоҷагиҳои фермерӣ бо метеостансияҳои агрометерологӣ ва истифодаи он дар майдонҳои зироатҳои афзалияти содиротӣ дошта, рақамикунонии кишоварзӣ корбарӣ намуда истодааст.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо барои ҳамкориҳои судманди минбаъда ибрози назар намуданд. Инчунин Виорел Гутсу барои иштирок дар вохӯрии вазирони кишоварзӣ ки санаҳои 1 то 7 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Рим баргузор мегардад даъват намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон