Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейБоздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Нуробод

Боздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Нуробод

10.06.2023

 
Бо мақсади тақвияти корҳои саҳроӣ ва шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон санаи 10 июни соли равон аз ноҳияи Нуробод дидан намуданд.
Дар аснои сафар аз рафти нашъунамо ва парвариши зироатҳо, кори мӯътадили иншоотҳои обрасонӣ, рафти корҳо дар иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳо шинос шуданд.
Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замину об, хусусан кишту парвариши картошка, тақвияту бо сифат иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон