Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна

15.06.2023

            Санаи 15 июни соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго баргузор гардид.
            Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат маълумот дода, вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо изҳори назар намуд.
            Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роберто Лонго барои қабули сатҳи баланд ба роҳбарияти вазорат изҳори миннатдорӣ намуда, дар суханрониҳо қайд карданд, ки Лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
             Ҷонибҳо дар охир барои фаъолияти минбаъдаи самараноки лоиҳа ва пешбурди кори он фикру андешаҳои худро иброз намуданд
             Мавриди зикр аст, ки аз соли 2008 инҷониб бо шарофати ҳамкориҳои зичи мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИФАД ҳаҷми сармоягузории мустақим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 118 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки маблағҳои мазкур барои таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот ва дастгирии рушди кишоварзӣ равона карда шудаанд.
              Бо дастгирии бевосита ва ҳамкории наздики Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИФАД лоиҳаҳои «Мусоидат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ дар вилояти Хатлон», «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ-2» бомуваффакият анҷом ёфтаанд. Лоиҳаҳои дар боло зикршуда дар беҳбудӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони деҳоти ноҳияҳои ҳадафии вилояти Хатлон саҳми хоса доранд.
             Боиси хушнудист, ки Лоиҳаи Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа ҳоло бомуваффақият амалӣ шуда истодааст ва чанде қабл Лоиҳаи нави Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, маблағи умумии лоиҳаи амалишаванда 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар татбиқи босамари Лоиҳа ба сифати шарикони ҳамкор Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷалб гардидаанд.
              Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон