Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 16.06.2023)

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 16.06.2023)

20.06.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 448878 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 118567 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 45090 гектар, ҷав 39592 гектар, ҷуворимакка барои дон 12302 гектар, зироатҳои техникӣ 203245 гектар, аз он пахта 180421 гектар, зироатҳои равғандеҳ 22585 гектар, полизӣ 18880гектар, картошака 36508 гектар, сабзавот 40757 гектар, пиёз 16965 гектар, сабзӣ 4872 гектар, карам 1824 гектар, помидор 8219 гектар, бодаринг 3977 гектар, дигар сабзавотҳо 4900 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 30922 гектар кишт карда шуд.

Инкишоф ва сабзиши пахта

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта мувофиқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 180421 гектар пахта кишт шудааст.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 54303 гектар, Хатлон 123270 гектар ва НТҶ дар майдони 2848 гектар кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони умумии киштшуда 175174 гектар пурра инкишоф ёфта, 168200 гектар озуқадиҳӣ ва 163964 гектар ягонакуниро ташкил медиҳад.

 Рафти ҷамъоварии ҳосили гандум

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 204986 гектар кишти гандуми тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 81488 гектар буда, ҳосилнокӣ 39,2 сентнерро ташкил медиҳад.

 Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 295476 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Аз он майдони 101878 гектар даравида шуд, ки ҳосилнокӣ 37,2 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти кишти такрорӣ  дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 35342,4  гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки вилояти Хатлон 31753 гектар ва дар НТҶ 3396,4 гектар мебошад.

Рафти ҷамъоварии картошка

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 36508 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 5735 гектарро ташкил дода, ҳосилнокӣ 168 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 40757 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 17287 гектар буда, ҳосили умумӣ 550871 тонна ва ҳосилнокӣ 319 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз он пиёз 349313 тонна, карам 25186 тонна, помидор 38150 тонна, бодаринг 53633 тонна, сабзӣ 54762 тонна ва дигар сабзавотҳо 29827 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 16.06.2023 дар майдони 18880 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 3519 гектар буда, ҳосилнокӣ 274 сентнер ва ҳосили умумӣ 96555 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 16.06.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 47810 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Шуъбаи  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23