Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТаҷлили бошукуҳи ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе

Таҷлили бошукуҳи ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе

25.06.2023

Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад.

     Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад.       

Санаи 25 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.

       Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Дар ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулотҳои аз зардолу омодашуда, зардолу ва хушкмеваҳои Тоҷикистон, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода меҳмононро ба муносибати ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” муборакбод намуданд.

Дар охири чорабинии мазкур пешқадамони соҳа аз рўи номинатсияҳои гуногун аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Диплом, Сипоснома ва тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ таъби меҳмононро болида намуданд.

 

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон