Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоВохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.06.2023

Санаи 21 июни соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамасвами Парвати доир гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон ҷиҳати таъин гардидан ҳамчун намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамасвами Парвати таҳният гуфта, ҷиҳати амалисозии нақшаву лоиҳаҳои ибрози назар карда шуд.
Намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамасвами Парвати соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи ҳамкориҳо ҳавасмандии Созмони Милалро иброз карда, барои ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ андешаҳои худро иброз намуд.
Маркази матбуот ва итилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон