Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоҶашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” доир мегардад!

Ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” доир мегардад!

19.06.2023

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” санаи 25 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Дар ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” намоши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулотҳои аз зардолу омодашуда, зардолу ва хушкмеваҳои Тоҷикистон, навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Марҳабо, ба ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон”!
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон