Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Нуробод

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Нуробод

13.06.2023

Санаи 12 июни соли 2023 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баромад намуда, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, риояи қатъии корҳои агротехникии парвариши зироатҳо, гирифтани ҳосили фаровони картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо, инчунин кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ, омодагии хоҷагиҳо ва техникаи кишоварзӣ ба ҷамъоварии ҳосил, омодагии анбору сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон