Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 30.06.2023)

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 30.06.2023)

03.07.2023

Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 30.06.2023 дар майдони 74808 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 45508 гектар ғалладонагиҳо, аз он ҷуворимакка барои дон 21832 гектар, зироатҳои техникӣ 2273 гектар, полизӣ 3662 гектар, картошка 7 гектар, сабзавот 5541 гектар ва хӯроки чорво 17819 гектар кишт карда шуд.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.06.2023 дар майдони 295476 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Аз он майдони 155627 гектар даравида шуд, ки ҳосилнокӣ 34,6 сентнерро ташкил медиҳад.

Инкишоф ва сабзиши пахта

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта мувофиқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.06.2023 дар майдони 180357 гектар пахта кишт шудааст.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 54303 гектар, Хатлон 123270 гектар ва НТҶ дар майдони 2784 гектар кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони умумии киштшуда 180104 гектар пурра инкишоф ёфта, 213834 гектар озуқадиҳӣ ва 171416 гектар ягонакуниро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 30.06.2023 мевагиҳо 68898 тонна ва ангури ҷамъоваришуда 121 тоннаро ташкил медиҳад.

 

Шуъбаи  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23