ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023
Санаи 11.07.2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Миралӣ Сафаров ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ иштирок доштанд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2023 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 13224,3 млн. сомонӣ ё 110,4 фоиз ва чорвопарварӣ 5434,4 млн. сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил дод.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад.
Cуръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоиз афзоиш ёфт.
Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 70,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 29,1 фоиз баробар гардид.
Ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли мевагиҳо, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд гардидааст, мусоидат намуд. Аз ҷумла истеҳсоли зардолу нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 баробар зиёд мебошад. Инчунин афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба андозаи 10,2 фоиз, полизӣ 5,4 фоиз ва ғалладонагиҳо 2,5 фоиз мусоидат намуд.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, ҷамъоварии беталафи зироатҳои кишоварзӣ, кишти такрории зироатҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супоришҳо дод.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон