Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 14.07.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 14.07.2023

17.07.2023

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Аз он майдони 207887 гектар даравида шуд, ки ҳосилнокӣ 33,0 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии ҳосили гандум

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 211858 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.

Майдони даравидашуда 166288 гектар буда, ҳосилнокӣ 35,7 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 41238 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 25650 гектар буда, ҳосили умумӣ 801030 тонна ва ҳосилнокӣ 312 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз он пиёз 444083 тонна, карам 34461 тонна, помидор 110995 тонна, бодаринг 84615 тонна, сабзӣ 81826 тонна ва дигар сабзавотҳо 45050 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии картошка

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 33523 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 9278 гектарро ташкил дода, ҳосилнокӣ 184 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии полизиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.07.2023 дар майдони 19513 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 10167 гектар буда, ҳосилнокӣ 292 сентнер ва ҳосили умумӣ 297249 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур

Ба ҳолати 14.07.2023 мевагиҳо 127978 тонна ва ангур ҷамъоваришуда 1781 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат оид ба рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати 14.07.2023  дар ҷумҳурӣ дар майдони 159988,3 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Аз он: ғалладонагиҳо 101087 гектар, картошка 14 гектар, сабзавот 16569 гектар, полизӣ 7036 гектар, зироатҳои техникӣ 3137 гектар ва хӯроки чорво 32146 гектар.

Захираи хӯроки чорво

Мувофиқи маълумоти Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат оид ба захираи хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ  ба 14.07.2023 965156 тонна хӯроки дурушт ва хӯроки ширадор 2361 тонна захира шудааст, ки аз он хӯроки дурушт дар ВМКБ 5802 тонна, Суғд 157500 тонна, Хатлон 666541 тонна ва НТҶ 135313 тонна мебошад.

Хӯроки ширадор бошад 2361 тонна дар вилояти Хатлон захира карда шудааст.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумоти фаврӣ дар 6 моҳи соли 2023 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1183 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 572 адад, комбайи ғалладаравӣ 11 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ 21 адад, испори тракторӣ 118 адад, тойбанду тагрезчин 50 адад, дорупошак 1 адад, картошкашинонак 20 адад, алафдаравак 11 адад, тухмипошаки пахта 15 адад, гандумкубак 12 адад, трактори хурди дастӣ (мотоблок) 60 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 131 адад, боркунак 50 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 10 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28926 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 76%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27623 адад, аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байниқаторӣ, 20073 адад нақлиётӣ, 1118 адад комбайни ғалладарав, 136 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 16 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, мошинолотҳо 28476 адад буда, аз он 10658 адад испорҳои тракторӣ, 8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3504 адад култиваторҳо, 2424 адад тухмипошакҳо аз он: 1969 адад тухмипошакҳои пахта, 1558 адад достҳои тракторӣ, 861 адад тойбанду тагрезчин, 501 адад картошкаканакҳо, 217 адад картошкашинонакҳо, 33 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Шуъбаи  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23