Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоВохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Директори генералии СОК СММ (ФАО) Цюй Дунъюй

Вохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Директори генералии СОК СММ (ФАО) Цюй Дунъюй

16.07.2023

       Санаи 06.07.2023 дар шаҳри Рими Италия вохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Директори генералии ФАО Цюй Дунъюй шуда гузашт.

        Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкориҳои ФАО ва Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

        Муовини вазир қайд кард, ки Тоҷикистон дар даҳ соли охир ба нишондиҳандаҳои устувори иқтисодӣ ноил гардидааст. Ӯ изҳор дошт, ки фаъолияти ФАО барои мусоидат ба татбиқи марҳилаи дуюми ислоҳоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон муҳим аст.

        Вай таъкид кард, ки таҷрибаи ФАО барои ҷалби маблағҳои байналмилалӣ барои устувортар кардани соҳаи кишоварзӣ ва гузариш ба бахш ба модели бештар истеҳсолкунанда, фарогир ва тобовар ба иқлим муҳим аст. Вай ҳамчунин афзуд, ки бо кӯмаки ФАО кишвар раванди пешбарӣ кардани водии Ҳисорро ба унвони системаи муҳими мероси кишоварзӣ (GIAHS) оғоз кардааст.

         Директори генералии ФАО Цюй Дунъюй қайд кард, ки Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ иқтидори бузург дошта, бояд аз таҷрибаи техникии ФАО истифода бурда, сипас таҷрибаи худро бо кишварҳои дигар мубодила кунанд.

         Муовини вазир афзуд, ки Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ буд, ки ба Ташаббуси ФАО “Даст ба даст” пайваст ва ба ғайр аз ин Тоҷикистон боз ба Ташаббуси “1000 деҳаи рақамӣ” пайваст.

         Дар охир муовини вазир ба Директори генералӣ оид ба стратегияи Президенти кишвар оид ба баробарии гендерии мардону занон дар мақомоти роҳбарикунандаи кишвар маълумот дод ва изҳор дошт, ки аз дидани намояндагии баланди занон дар роҳбарияти асосии ФАО хушҳол аст.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Телефон: 2-35-38-63