Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveДастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар

Дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар

24.12.2019

Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим, яксоли дар пешистодаи фаъолияти тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин шоиста ва сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.

Санаи 26.12.2019 дар толори маҷлисгоҳи вазорат кулли кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва намояндагони ВАО пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишоварро мустақиман тавассути оинаи нилгун тамошо намуданд.


Дар Паёми имсола Ҷаноби Олӣ тамоми самтҳои мухталифи ҷомеаро таҳлил намуда, вобаста ба рушди соҳаҳаи гуногуни кишвар ибрози назар намуданд ва қайд карданд: «Соле, ки сипари шуда истодааст дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохили 7,5%-ро ташкил намуда ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёдшудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4%, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1%, гардиши савдо 8% ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6% таъмин карда шуд».


Инчунин дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷўҳи хосса зоир намуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳаи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд: Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоранаи об барои обёрии заминҳо, ҷори намудани техналогияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифи захираҳои об тадбирҳои доими андешем. То имрўз дар самти азхудкунии заминҳои нави обиёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2-милиарт сомонӣ тафриқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 милион сомонӣ идома дорад. Бо вуҷуди ин ҳар сол майдони беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайри қатоатбахши мелеоративӣ қарор мегирад. Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти пешгири кардани аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шўршавии заминҳо тадбирҳои доими андешанд. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватани аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъи андешанд. Инчунин иброз доштанд, ки мо бояд имрўз дар бораи ду ҳосил гирифтан фикр накунем вақте расидааст, ки мо аз як гектар замини оби гирифтани 3-4 ҳосилро чораандеши кунем.

Ҳамзамон Президенти мамлакат яке аз роҳҳои баланд намудани сатҳи некўаҳволӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагонии мардуми кишварро дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар арзёби намуданд.

Қайд карда шуд, ки азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр намуда, Наврасону ҷавононро ба мутолеаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эъҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷўҳи бештар зоир намоянд. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин барои тавсияи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад.

Вазорати кишоварзӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, баҳри афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати таъминоти бештари аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳа аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ
тел: 235-38-53, Сомона: www.moa.tj.