Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоНатиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

03.01.2020

Кишоварзӣ самти муҳими таъминкунандаи аҳолӣ
бо маводи озуқа ва корхонаҳои саноатӣ
бо ашёи хом, инчунин заминаи боэътимоди
ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ

Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби вазорат Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.2019, №271 қабул гардид.

Лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.04 соли 2019 №258”, «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, “Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи растанипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», Нақша-чорабиниҳои иловагӣ ва Матритсаи амалиёт оид ба тадбирҳои иловагии рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022 ва «Дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо» таҳия гардида, пас аз мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуда, қисме аз онҳо дар асоси  таклифу пешниҳодҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди такмилдиҳӣ қарор дорад.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Барои ҳосили соли 2019 аз ҳосили соли 2018, тибқи маълумоти оморӣ хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 54580 тонна тухмии ғалладона ва лубиёгиҳо, 1065 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ, 7176 тонна тухмии дигар ғалладонагиҳо, 52397 тонна картошкаи тухмӣ, 92,9 тонна тухмии сабзавот ва 13304 тонна пунбадонаи тухмӣ захира намуданд, ки барои кишт васеъ истифода бурда шуд.

Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 847,0 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2018, 20,4 ҳазор гектар ё 2,5% зиёд мебошад. Аз ин миқдор кишти байни қаторҳои боғ 23,1 ҳазор гектарро ташкил дод ва аз он 20,5 ҳазор гектар дар заминҳои обӣ мебошад. Аз майдони умумии киштшуда, 383,7 ҳазор гектар зироатҳои ғалладонагиҳо, 215,5 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 185,7 ҳазор гектар пахта, 51,8 ҳазор гектар картошка, 67,1 ҳазор гектар сабзавот (якҷоя бо сабзавоти тухмӣ), аз ҷумла 20,9 ҳазор гектар пиёз, 21,9 ҳазор гектар зироатҳои полизӣ ва 107,0 ҳазор гектарро зироатҳои хўроки чорво ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 майдони кишти зироатҳои ғалладонагиҳо 8788 гектар ё 2,3 %, зироатҳои техникӣ 943 гектар ё 0,4 %, картошка 1454 гектар ё 2,9 %, полизӣ 1963 гектар ё 9,9 % ва зироатҳои хўроки чорво 8541 гектар ё 8,7 % зиёд шуда, кишти пахта 146 гектар ё 0,1% ва сабзавот (якҷоя бо сабзавоти тухмӣ) 1281 гектар ё 1,9 % кам гардид.

Сабаби кам гардидани кишти сабзавот ва пахта ин зиёд гардидани майдони кишти зироатҳои полизӣ, картошка ва зироатҳои техникӣ дар сохтори кишт мебошад.

Таносуби кишти зироатҳои ғалладонагиҳо нисбат ба майдони кишти умумӣ 45,3%, аз он ҷумла гандум 31,2%, зироатҳои техникӣ 25,5%, аз он ҷумла пахта 21,9%, картошка 6,1%, сабзавот 7,9%, полизӣ 2,6% ва зироатҳои хўроки чорво 12,6%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба 01.12.2019 аз ҳисоби кишти такрорӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 28827 тонна шолӣ, 53626 тонна ҷуворимакка, 519 тонна дони офтобпараст, 2733 тонна картошка, 87169 тонна полизӣ ва 225156 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намуда ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешниҳод гардид.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 50734 тонна тухмии ғалладонагиҳо, аз он гандум 43322 тонна ва барои мавсими кишти баҳории соли 2020, 58040 тонна тухмии картошка, 38,5 тонна тухмии сабзавот ва 8144 тонна чигити тухмӣ захира гардида, захиракунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.

Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади пешниҳод намудани маҳсулоти барвақтӣ ба бозорҳои истеъмолии кишвар тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар майдони 13385 гектар кишти сабзавоти барвақтӣ, аз он карам 607 га, сабзӣ 1631 га, пиёз 10505 га ва 586 га дигар кишти сабзавотиҳоро гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта,  кишти сабзавоти барвақтӣ 2447 га, аз он карам 115 га, сабзӣ 88 га, пиёз 2252 га ва дигар сабзавотиҳо 963 га зиёд мебошад. Кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 887 га гузаронида шуда ба 91 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Дар маҷмўъ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 17383 га кишти зироатҳои барвақтиро гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3247 га зиёд мебошад. 

Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо

Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 аз масоҳати 76,1 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда 2079 тонна ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 636 тонна (144,0) зиёд мебошад.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

Истифодаи самарабахши имкониятҳо ба он мусоидат намуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 25,6 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,4%-ро ташкил дода ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ 107,8% ва ба соҳаи чорводорӣ 106,4% рост меояд.

Бо андешидани тадбирҳои самарабахш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар соҳаи растанипарварӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1377 ҳазор тонна, пахта 398,7 ҳазор тонна, картошка 993 ҳазор тонна, сабзавот 2138,4 ҳазор тонна, полизӣ 672,2 ҳазор тонна, мевагӣ 459,2 ҳазор тонна ва ангур ба 239,7 ҳазор тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсол аз 1,4 то 34 фоиз зиёд шуд.

Дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба ҳолати 29 декабри соли 2019 аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо ба маблағи 18 029 375 доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рўи арзиш 1 769 887 доллари ИМА зиёд мебошад.

Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 86273 га кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки ба 105,1%-и дурнамои пешбинигардида баробар буда, нисбат ба соли гузашта 5767 га ё 7,2% зиёд мебошад.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

Дар афзун намудани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ рушди соҳаи боғу токпарварӣ бахши афзалиятнок ба ҳисоб рафта бо мақсади зиёд намудани масоҳати боғу токзор хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ бо назардошти бунёди 150 га токзор дар ноҳияи Хуросон ба ҳолати 01.12 2019 дар майдони 3035,2 гектар боғу токзор бунёд намуданд ва аз он 2687,5 гектар (дар заминҳои лалмӣ 1767,7 га) боғҳои нав, 344,5 гектар (дар заминҳои лалмӣ 179 га) токзор ва 3,2 гектараш тутзор мебошад. Бо мақсади азнавбарқароркунӣ дар майдони 2170 га боғ ва 189,2 га токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корҳои барқароркунии боғҳо 151,9 фоиз ва токзорҳо 128,5 фоиз таъмин карда шуд.

Вобаста ба иҷрои банди 23 Протоколи машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2019, №1к16-6 дар якҷоягӣ бо КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, Академияи илмҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои “Асадулло”-и ноҳияи Хуросон ва “Ватан”-и шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти “Ғаллаобод”, деҳаи “Ҳақиқат”-и ноҳияи Хуросон дар масоҳати 150 гектар токзор бунёд карда шуд. Дар 8 қитъаи токзор 10 навъи ангур: “Ғалаба”48 га, “Ҳусайнии сиёҳ” 31 га,  “Ҳусайнии сафед” 20, “Ҳусайнии гулобӣ” 2 га, “Кардинал” 2 га, “Шоҳона” 25 га, “Кишмиши сафед” 6 га, “Кишмиши сиёҳ” 8 га, “Зарифӣ” 3 га, “Тойфӣ” 5 га ва дар маҷмўъ 42 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли равон аз боғи навбунёди токзор дидан намуда ба масъулон барои бунёди токзор баҳои баланд доданд.

Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омилӣ серҳосилӣ

Барои афзун намудани маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ диққати хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар давраи зимистону аввали баҳор бо тавсияи мутахассисони соҳа хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 92561 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор, дар майдони 104683 гектар шаклдарории дарахтҳои боғу токзор, дар майдони 38539 гектар яхобмонӣ ва дар майдони 49634 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо вазорат ба ВМКБ 200 литр, ба вилояти Хатлон 3313 литр, ба вилояти Суғд 1640 литр ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2033 литр заҳрдоруҳо ҷудо ва дастрас намуд. Инчунин ҷиҳати ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ бо усули биологӣ дар озмоишгоҳи биологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ энтомофагҳои гуногун истеҳсол карда шуда дар 73002 гектар зироатҳои кишоварзӣ истифода шуд. Аз ин миқдор дар 31706 гектар энтомофаги трихограмма, 26131 гектар энтомофаги габрабракон, 15165 гектар энтомофаги тиллочашмак ва ба миқдори 27415 адад домҳои ферамонӣ гузошта шуданд.

Барои аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ оид ба муташаккилона ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ба филиалҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 адад хайма барои зисти коргарони мавсимӣ, 21 адад генераторҳои дизелии 5 квт ва 21 адад зарфҳои пластикии силиндрӣ 2000 литра барои нигоҳдории об дастрас гардид. Инчунин 955 адад техника ва таҷҳизот омода карда шуда зиёда аз 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд. Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 22881 литр заҳрдору ва 40042 литр сўзишворӣ дастрас карда шуд.

Дар мавсими имсола дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах майдони 294 559 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо ба маблағи 566 232 384 сомонӣ аз зарароварии малах эмин нигоҳ дошта шуд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2348074 сар, гусфанду буз 5740230 сар, асп 82516 сар ва 230207 оилаи занбури асал парвариш ёфта истодааст, ки аз он ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ саршумори чорвои калон 166320 сар, гусфанду буз 1061836 сар, асп 21025 сар ва занбури асал 23411 оила рост меояд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 34573 сар (101,5%), гусфанду буз 52109 сар (100,9 %), асп 370 сар (100,5 %), занбури асал 7753 оила (103,5%) ва дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ саршумори чорвои калон 1953 сар (101,2 %), гусфанду буз 9711 сар (100,9 %), асп 34 сар (100,2 %) ва занбури асал 1103 оила (104,9% зиёд гардидааст.

Бо мақсади сари вақт гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 12.02.2019, №27 ба тасвиб расида, гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Барои расонидани кўмакҳои амалию методӣ ба чорводорон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисону олимон сафарбар карда шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 31095 сар гўсола ва 336561 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ба 100 сар модагов 62 сар ва ба 100 сар меш ва модабуз 90 сари рост меояд.

Дар ин давра бо рушди соҳаи чорводорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли гўшт ба 215 ҳазор тонна, шир 842,5 ҳазор тонна, тухм 653 млн дона, пашм 7173 тонна, пилла 768 тонна, асал 4112 тонна ва моҳӣ ба 2190 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гўшт 8857 тонна (104,3%), шир 17222 тонна (102,1%), тухм 251,2 млн дона (163,0%), пашм 133 тонна (101,9%), пилла 30 тонна (104,1%), асал 104 тонна (102,6% ва моҳӣ 943 тонна (175,6%) зиёд гардидааст. Дар умум истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ аз 1,9 то 75,6 фоиз зиёд мебошад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ истеҳсоли гўшт 52,4%, шир 26,5 %, тухм 2 маротиба, пашм 5,9 %, пилла 4,6 %, асал 13,7 % ва моҳӣ 83,4 фоиз зиёд гардидааст.

Бо усули бордоркунии сунъӣ беҳтар намудани зоти чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он дар миқёси ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз он 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ ташкил карда шудааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.12.2019 бо роҳи бордоркунии ҷуфтӣ ва сунъӣ 27327 сар (103 %) модаговҳо бордор карда шуда аз он бордоркунии сунъӣ 7809 сар ё 107,4 %-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра бо усули найчагӣ дар филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотӣ дар маҷмўъ то ин давра 62300 воя ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол гардида, дар асоси дархост ба нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас карда шуд. Барои фаъолияти мунтазами нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ 9700 литр азоти моеъ харидорӣ ва нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ таъмин карда шуд.

Даҳҳаи охири моҳҳои май ва ноябри соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бобоҷон Ғафуров ва Ваҳдат Фестивал-намоиши чорвои зотӣ ташкил карда шуд, ки дар чорабиниҳои мазкур 382 сар чорвои калон 1168 сар гўсфанду буз, 31 сар асп, 350 сар паранда, 1200 кг моҳӣ ва 500 кг асал ба намоиш ва фурўш гузошта шуда, иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Барои васеъ ба роҳ мондани парвариши гусфандони зоти маҳинпашм (меринос) аз Ҷумҳурии Қазоқистон 180 сар ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, 158 сар ба Кооперативи истеҳсолии зотпарварии «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик, 12 сар ба Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти чорводории АИКТ ва 10 сар барои парвариш дар Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотӣ нигоҳ дошта шуд.

Рушди соҳаи парандапарварӣ

Бояд тазаккур дод, ки бо пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи «Мурғи Ҳилол», ҳоло «Ганҷи Ҳилол»-и ноҳияи Файзобод, “Якарча”-и ноҳияи Муъминобод бо номи ҶДММ “Мурғи Муъминобод”, “Мавзуна-т”-и ноҳияи Шаҳритус ва якчанд корхонаҳои парандапарварии дигар дар ҷумҳурӣ аз нав ба фаъолият шурўъ намуда, шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар соли 2019, 29 адад зиёд карда шуда миқдори онҳо ба 134 адад расонида шуд. Ин тадбир барои бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гардидани аҳолӣ, зиёд шудани саршумор, истеҳсоли тухм ва гўшти паранда дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 8954397 сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки аз он ба хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ 3302259 сар рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 2299689 ва 2484405 сар зиёд мебошад.

Истеҳсоли тухм дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 653 млн дона, аз он дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 498 млн дона баробар гардид, ки мутаносибан афзоиш 163 фоиз ва 2 маротиба зиёд мебошад.

Бо назардошти талаботи рўзафзуни аҳолӣ ба моҳӣ аз ҳисоби Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, 25 миллион кирминамоҳичаҳои намудҳои «амури сафед», «карп» ва «пешонапаҳни ало» ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба хоҷагиҳои моҳипарвар дастрас карда шуд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 321 адад расонида шуда, аз рўи маълумоти оморӣ то 01.12.2019 истеҳсоли моҳӣ  2190 тоннаро (175,6 %) ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 943 тонна зиёд мебошад.

Рушди соҳаи занбўрпарварӣ

Занбўрпарварӣ дар шароити кўҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 230207 оилаи занбўри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли гузашта 7753 оила зиёд мебошад. Истеҳсоли асал дар ин давра 4112 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта104  тонна зиёд мебошад. 

Дар соли ҷорӣ бо мақсади дарёфти бозори фурўш дар намоиш ва фурўши асал, ки дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар баргузор гардид асали ватанӣ барои муаррифӣ пешниҳод карда шуда барои сифати беҳтарин аз ҷониби шаҳрдорӣ баҳои баланд гирифта иштирокчиён бо сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Барои рушди соҳаи занбурпарварӣ 400 оилаи занбури асал, 400 қуттӣ ва дигар асбобу анҷомҳои зарурӣ ба занбурпарварони ноҳияҳои Балҷувон, Дарвоз, Восеъ, Лахш ва Сангвор дастрас карда шуд.

Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмин намудани чорво бо хўрок буда бо ин мақсад дар ҳудуди чарогоҳҳои зимистонаи Кооперативи истеҳсолии зотпарварии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара майдони 160 гектар бо усули коркарди сатҳӣ беҳтар карда шуд. Беҳтаркунии чарогоҳ дар асоси қоидаҳои агротехникӣ амалӣ гардида ба ба зиммаи хоҷагидорон вобаста карда шуд.

Дар ҷамоати деҳотӣ Сучони ноҳияи Шуғнон як адад купруки чорвогузар сохта ба истифода дода шуда, дар ҷамоати деҳотӣ Чашмасор деҳаи Бинисунчи ва дар ҷамоати деҳотӣ Д. Алиев (деҳаҳои Кабкрез, Файзобод, Қанғилӣ ва Мулошайх) 10 километр роҳҳои чорвогузар таъмир карда шуд.

Барои муташаккилона рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистонаю баҳорона ба чарогоҳҳои тобистона аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва аз як минтақа ба минтақаи дигар 21 адад нуқтаҳои назоратӣ ва байторӣ ташкил дода шуд.

Дар мавсими рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистонаю баҳорӣ ба чарогоҳҳои тобистона 2237 рама, 2567036 сар чорвои майдаи шохдор, 101777 сар чорвои калони шохдор ва 14363 сар асп дар чарогоҳҳои тобистона ҷойгир карда шуда, бинобар паст фаромадани ҳарорати ҳаво дар баландкўҳҳо барои зимистонгузаронӣ чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона ронда шуда ҷойгир карда шуданд.

Барои омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2019-2020 тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳамагӣ 2160610 тонна хўроки дурушт захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 305,3 ҳазор тонна (116 %) зиёд аст.

Техникаи  кишоварзӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27816 адад трактор ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки 79 % дар ҳолати коршоям қарор дорад.

Аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 668 адад ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» рост меояд. Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз 85 адад Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 57 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.

Дар давоми соли 2019 техникаи кишоварзии корхонаву хоҷагиҳо аз тарафи муҳандис-нозирони вилоятиву ноҳиявии Бозрасии назорати давлатии техникӣ мавриди санҷиш қарор гирифта ба роҳбарону муҳандисон ва шахсони мутасаддӣ барои вайрон намудани қоидаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории техникаи кишоварзӣ ба маблағи 18070 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, дар ин давра ба 6797 нафар шаҳодатномаи «механизатор-мошинист» дода шудааст.

Таҷлили иду ҷашнвораҳои миллӣ

Дар давоми соли 2019 тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, санаи 27.01.2019 вазорат дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дўстии халқҳо» ҷашни пуршукўҳи «Сада»-ро доир намуд. Дар рўзи баргузории чорабинии мазкур дастовардҳои гуногуни олимону кишоварзон, аз қабили техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, кўчати гулу гулбуттаҳо, навъҳои гуногуни тухмиҳо, ниҳолҳои гуногуни ороишиву дарахтони мевадиҳандаи серҳосил, 7 дастархони хоси таҷлили ҷашни “Сада” вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва сару либоси хоси аҳолии ин минтақаҳо ороста шуда, дар 20 оташкада гулхани афрухташуда пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар ин чорабинии мазкур ширкатҳои тухмипарварии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Хитой иштирок намуда, бо хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанд.

Бо мақсади тарғиби ниҳолшинонӣ дар ҷумҳурӣ санаи 03.02.2019 дар Муассисаи давлатии илмии “Боғи ботаникии Тоҷикистони”-и шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳо таҳти унвони “Самари умри деҳқон” ташкил карда шуд, ки дар он зиёда 1 млн бех ниҳол ва гулу буттаҳо ба фурўш бароварда шуд. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи доимамалкунандаи фурўши ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо ба роҳ монда шуд.

Санаҳои 2-4.06.2019 “Намоиш ва фурўши асал”, санаи 25.08.2019 «Иди каду», санаи 31.08. 2019 “Иди ангур”, санаи 07.09.2019 “Иди харбузаву тарбуз” ва санаи 21.09.2019 “Иди себ” дар КВД «Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ҳосили дастранҷи худро ба намоиш ва ба фурўш гузоштанд. Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои зикргардида аз рўи 4 номинатсия вобаста ба ҳар ид озмун эълон гардида, ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе дар рўзҳои ҷашни байналмилалии Наврўз, моҳи шарифи «Рамазон», иди «Қурбон» ва бахшида ба Соли нави Мелодӣ бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, зиёда 1360 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гўшт, шир, тухм ва дигар маҳсулот, аз нархи бозор нисбатан 25-30% арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дастовардҳои илму таълими кишоварзӣ

Дар соли 2019 олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҳқиқотро аз рўи 60 мавзўи фармоишӣ, 6 лоиҳа тибқи “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, 5 барномаи байналмилалӣ ва 6 лоиҳа тибқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 19 патенту нахустпатент, 5 шаҳодатномаи ҳуқуқӣ селексионерӣ, 3 арзнома барои патент ва 4 қарори мусбӣ гардидаанд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 навъи зироат минтақабоб гардида, 10 навъи зироатҳои кишоварзии офаридаи олимони Академия барои озмоиш ба комиссияи мазкур мазкур супорида шуд. Инчунин 23 навъи зироатҳои кишоварзӣ дар Комиссияи давлатӣ дар санҷиш қарор дорад.

Бо мақсади таҳкимбахшии иқтидори кадрҳои илмӣ, соли равон ба муассисаҳои илмии Академия бори аввал 53 нафар магистрант ва 33 докторант (PhD) аз ҳисоби мутахассисони ҷавон қабул гардид. Дар назди Институти ветеринарии АИКТ Шўрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои доктори аз рўи ихтиссос, таъсис дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 14 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ ҳимоя ва 28 рисолаҳои илмӣ омодаи дифоъ мебошад.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа нақши намоён дорад. Дар 10 факултети донишгоҳ 7959 донишҷў аз рўи 46 ихтисос дар шуъбаи рўзона ва 2261 донишҷў аз рўи 18 ихтисос дар шуъбаи ғоибона фаро гирифта шудаанд.

Барои таълиму тарбияи мутахассисон зиёда аз 454 нафар устод, аз он ҷумла 6 академик ва 6 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 46 доктори илм, 52 профессор ва 134 нафар номзади илм сафарбар гардиданд.

Дар ин давра дар донишгоҳ 18 китоби дарсӣ, 102 дастури методӣ, 10 монография ва зиёда аз 621 мақолаҳои илмию методӣ нашр гардиданд Ҳамзамон, 10 шумораи рўзномаи «Дониш» бо мазмун ва мундариҷаи нав ва 4 шумораи маҷалаи илми-амалӣ - “Кишоварз” дастраси хонандагон гардид. Дар Шўроҳои диссертатсионии донишгоҳ 30 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки аз он 11 нафар устодони донишгоҳ мебошад. Донишгоҳ санаи 25.09.2019 аъзои комилҳуқуқи ташкилоти Алянси донишгоҳҳои кишоварзии Ҷумҳурии мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ гардид.

Дар соли 2019 донишгоҳро 1264  нафар хатмкунанда хатм намуданд, ки аз ин теъдод 955 нафар бакалавр, 219 нафар мутахассис, 81 нафар магистр ва 9 нафар доктор аз рўйи ихтисоси PhD мебошанд. Оид ба бозомўзии касбии мутахассисон, раисони ҷамоатҳо, фермерон ва деҳқонон семинар-машваратҳо оид ба “Технологияи парвариши боғ ва омодагӣ ба фасли зимистон”, “Зараррасонҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо” ва дигар мавзуъҳои муҳим гузаронида шуда 7678 нафар дар курси бозомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Муносибатҳои байналмилмилалӣ

Дар ин давра лоиҳаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ: Лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои солҳои 2019-2021; Лоиҳаҳои TCP/TAJ/3704 «Такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтидори идоравӣ баҳри пешбурди кишоварзии органикӣ»; “Баланд бардоштани иқтидори техникии моҳипарварон ва сохторҳои соҳавӣ бо мақсади истеҳсоли хўроки моҳӣ дар Осиёи Марказӣ”; GCP/SEC/650955 «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ ва зарфиятсозии миллӣ дар мубориза алайҳи касалиҳои зироатҳои ғалладонагиҳо ва селексия баҳри устуворӣ нисбати касалиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз»; TCP/SEC/15/TUR «Коҳиш додани талафоти ғизоӣ ва партовҳои хўрокворӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва TCP/SEC/13/TUR «Зарфиятсозӣ барои идораи устувори соҳаи моҳипарварӣ дар Осиёи Марказӣ» пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ» расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуда дар рафти сафари Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба имзо расонидан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021 дар Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, рузҳои 14-15.06.2019 дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷумҳурӣ, Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот дар рафти сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 28.06.2019 ба имзо расонида шуданд.

Дар соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифи намудани соҳаи боғдории мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии “ЭКСПО-2019”, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид иштирок намуд ва барои дар сатҳи баланд доир гардидани он кишоварзон саҳми худро гузоштанд. Дар намоишгоҳ 110 давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва 120 сохторҳои ғайрирасмӣ иштирок намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур меваҷоти ҷумҳурӣ бо сатҳу сифати баланд, маводҳои иттилоотӣ, видеоӣ ва ғ. пешниҳод карда шуд. Ҳамарўза аз намоиши боғдории Тоҷикистон зиёда аз 20000 нафар ва дар маҷмўъ 10 млн нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ шинос шуданд, ки баҳри муаррифӣ кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар хориҷи кишвар мусоидат намуд. Дар ҷамъбаст намоишгоҳи мазкур намоиши боғдории Тоҷикистон бо ҷоизаи тиллои «EXPO-2019» қадрдонӣ карда шуд.

Бозомўзии мутахассисон

Дар соли 2019 бо мақсади замина гузоштан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва нигоҳ доштани устувории таъмини амнияти озуқавории кишвар семинар машварат дар мавзўи “Рушди истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим: масъала ва роҳҳои ҳалли он” дар фасли зимистони солҳои 2018-2019 дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Бунёди боз як мадончаи варзишӣ

Иншооти “Сохтмонӣ майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакон” воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Пушкин дар биноҳои №30, 30/1, 30/2  сохта ба истифода дода шуд, ки барои бунёди он кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва ташкилотҳои зертобеи вазорат дар ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд.

Ҳамкориҳо бо ВАО

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 225 мусоҳиба бо олимон ва мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ, тарғиби дастовардҳои соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.

Дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ 232 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассиону олимон барои рушди соҳа буданд.

Ҳуҷҷатгузорӣ ва қабули шаҳрвандон

Дар соли ҳисоботӣ ба унвони Вазорати кишоварзӣ 6804 адад мактуб, қонун, қарор, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд, ки аз он 1456 ададаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз рўи супориш ҳамаи ҳуҷҷатҳо зери назорат гирифта шуда дар мўҳлатҳои муайянгардида ҷавоб ирсол гардида истодааст. Роҳбарияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ 92 нафар шаҳрвандонро қабул карда нисбати масъалаҳои рўзмараи онҳо ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд.

Барои боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд намудани сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба ғизои хушсифат амали намудани пешниҳодҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар, баланд намудани маданияти истифодабарии заминҳои корам, амалӣ намудани технологияҳои муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
тел: 235-39-23, 235-38-63 Сомона: www.moa.tj.