Мулоқот оид ба рушди соҳаи чорводорӣ

05 феврал дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода бо мушовири байналмилалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оид ба солимии ҳайвонот Абдулбоқир Меҳрабан мулоқоти кори анҷом доданд.
Дар вохўрии мазкур ҷонибҳо ҳолати амалигардии бахши панҷуми (дастгирии соҳаи байторӣ) лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳои Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат»-ро баррасӣ намуданд.
Аз ҷониби коршиноси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ натиҷаи татбиқи муқарраротҳои лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ гардида, бо назардошти тавсияҳои минбаъдаи коршиносони тарафайн, ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи байторӣ дар Тоҷикистон тақвият медиҳанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-63